Ибтидо кардам баноми кирдигор
Холиқи ҳафт ва шаш ва панҷ ва чаҳор
Он худовандӣ ки ҳастӣ зот ӯст
Ҳар ду олами мусҳаф оёт ӯст
Он худовандӣ ки одамро зи хок
Офарид ва дод ӯро ҷони пок
Баъд аз онаш гуфт баҳр ҷӯад бош
Чун млоики соҷд ва масҷуд бош
Холиқи аъзам ки одамро з буд
Ҳар якеро дар либосӣ во намӯд
Аршро бар ёд ӯ бунёд кард
Хокёнро умр ӯ бар бод кард
Шамсро ҳамчун чароғӣ соз дод
То шавад равшани бнўрши ин билод
Бар нуҷум ва бар буруҷ омад падед
Бо убӯр ва ҳам урӯҷ омад падед
Анбиёро дар раҳи кул сар намӯд
Авлиёро домани пар зар намӯд
Анбёءро дод ҳукм кун фикан
Авлиёъро дод сари лами икн