Аз сари ту ҳар ки бо нишон хоҳад буд

Машғӯли ҳузур ҷовдон хоҳад буд

Гар бе ту дамӣ бар ояд аз дили имрӯз

Фардои ғам ӯ дӯзах ҷон хоҳад буд