Гар набӯд хинги мтлии лагом

Зад битавон бар қадами хеши гом

Вар набӯд машраба аз зари ноб

Бо ду кафи даст , тавон хӯрд об

Вар набӯд бар сар хон , он ва ин

Ҳамбитавон сохт ба нони ҷӯин

Вар набӯд ҷомаи атласи ту ро

Далқи куҳан , сотар тани баси ту ро

Шонаи оҷ ар набӯд баҳри риш

Шона тавон кард ба ангушти хеш

Ҷумла ки бинӣ , ҳама дорад иваз

Дар ивазаш , гашта муяссари ғараз

Ончӣ надорад иваз , эй ҳӯшёр

Умр азизаст , ғанимати шумор