Навҷуоне аз хавоси подшоҳ
намешудӣ , бо ҳишмату тамкин , ба роҳ
Дили зи ғами холӣу сари пар аз ҳавас
Ҷумлаи асбоби тнъми пеш ва пас
Бар яке обид , дар он саҳрои гузашт
Ков алаф мехӯрд , он оҳӯии дашт
Ҳар замон , дар зикри ҳии лоямут
Шукри гӯйони каши муяссари гашти қӯт
Навҷавон сӯяш хиромед ва бигуфт :
К-эй шуда бо ваҳшён дар қӯти ҷуфт !
Сабз гашта , чун зумуррад , ранги ту
Чунки ноед ҷузи алаф дар чанги ту
Шуд танат чун анкабут , аз лоғарӣ
Чун гавазнон , чанд дар саҳрои чрӣ ?
Гар чу ман будӣ ту хдмтгори шоҳ
Дар алаф хӯрдан наме гаштии табоҳ
Пер гуфташ : к-эии ҷавони номдор
Кат буд аз хизмати шаҳи ифтихор
Гар чу ман , ту низ мехӯрдӣ алаф
Кӣ шудӣ умрат дар ин хизмати талаф ?