Сиришки бихўдми айш май ноб дигар дорам
зи мижгон то чакидани сайри маҳтоб дигар дорам
Ба тороҷ таҳайюр додаам ойӣнау шодам
Ки дар ҷӯши сафои хонаи сайлоб дигар дорам
Гуҳии хокам , гуҳии бодам , гуҳии обам , гуҳии оташ
Чу ҳастӣ дар адами як олами асбоб дигар дорам
Дарин гулшани ману сайри суҷуди нотавонӣҳо
Ки чун бед аз хам ҳар барги миҳроб дигар дорам
Нигоҳам дар ниқоби ҳайрат ойӣна ме болад
Чароғи базми ҳасанами барқи одоб дигар дорам
Димоғи арз битобӣ надорад сархуши ҳайрат
Вагарна дар дили ойӣнаи симоб дигар дорам
зи хӯни орзӯ сдрнг меболад баҳори ман
Ниҳоли боғи яъсами реша дар об дигар дорам