эй рухи зебои ту рашки саман

Бандаи болои ту сарви чаман

Турраи мишкӣни ту анбар фишон

Пистаи ширини ту шукри шикан

Бар рухи зебои ту холи сиёҳ

Нуқта анбар зада бар Настаран

Тайра шуд аз гесуу болои ту

Турраи шамшоду қади норван

Хандаи ширини тугар нестӣ

Кас бача донад ки ту дории даҳан

Ҷузи хату рухсори ту ҳаргиз ки дид

Нофаи чини ҳолаи машки хутан

Дар тани симин ту сангӣаст дил

эй бути сангини дили симини бадан

То дили шӯридаи ибни ямин

Дар хами зулфин ту дорад ватан

Ошиқи рухсори ту гашти ончнонк

Несташ аз ишқи ту пурвои тан