Чун сина мотам задагон ғарқаи доғам
Дар кисвати сӯсани шкФди лолаи роғам
Оҳи ин чаҳ насимаст ки аз домани нозаш
Сад хирмани гули рехта дар ҷайби димоғам
Дар ком самандар шаканд шаҳди саломат
Гар тарбият шуъла кунад пунбаи доғам
Дар сӯхтан аз бас ки ҳарисам чу шавам гум
Дар пайкар парвона биҷавӣед суроғам
Оҳами хабари марг маро дошт фасеҳӣ
Марсияи парвона буд дӯди чароғам