Кори дилам дар шиканҷи зулфи ту танг аст
Ҳамчуи мусулмон ки дар диёр фаранг аст
Дар раҳи ишқати зи таъна бок надорад
Ин дил чун шишаи озмуда санг аст
Он тараф ком нест ғайри надомат
Чидам ва дидам гули умеди ду ранг аст
Ҳоли дили содаи лавҳ бо ту бигӯям
Чеҳраи ойӣнаро бибин ки чаҳ ранг аст
Сулҳи ду олам чаҳ мекунем чу бо мо
Гӯшаи абрӯии ёр бар сар ҷанг аст
Бодаи ширини умри Хизр чаҳ резӣ
Дар гулӯии талхи мо ки шаҳд шрнг аст
Умри дўоспаҳи гузашти ин чаҳ шитобаст
Номи мҷу аз касе ки дар ғам нанг аст
Файзи камол Хуҷанд ёфта файёз
Ҳайфи маҷоли сухан ки қофия танг аст