Хоҳам ки шабӣ срздаҳ оем ба дар субҳ
То ҷуръаи файзии кашам аз ҷоми зари субҳ
Дар файзи саҳари дарҷ буд давлати ҷовид
Иқбол диҳад боҷ ба дарюзагар субҳ
Офоқ ба нури гуҳар хеш бигирам
Чун меҳр агар гоми занам бар асари субҳ
Парвоз кунад бо нафасами тоири маънӣ
Хуршед тавонад ки шавад ҳамсафари субҳ
Дарбаста ба мо субҳи дро аз дар ёрӣ
То боз гушойем ба ҳам қуфли зари субҳ
Бигушоӣ гиребон ва саҳар кун шаби мо ро
То чанд тавон гашти чунин дрбдри субҳ
Акнӯн ки наво бар лаби файёз гиреҳ шуд
Бо мурғи саҳархез ки гуяд хабари субҳ