Каҷи абрувон ки чеҳра ба метоб дода анд

Аз рашк , хам ба қомат миҳроб дода анд

Каси ҷони зи захми ханҷари мижгон наме барад

Ин теғро ба заҳри нигаҳ об дода анд

Май мечакад зи нағмаи мутриб , чаҳ офатанд

Ин соқён ки бода ба мизроб додаанд !

Моро ки дар ғами ту каттон пӯш тоқатем

Гашти табассуми гул маҳтоб дода анд

Дилро зи хори хори таманнои васли хеш

Хубони фиреби бистар санҷоб дода анд

Кунҷи лаби пиёла ба бӯсӣ наме харанд

Онон ки хат ба хӯн меноб дода анд

Онон ки пай ба роҳи таваккул фишурда анд

Аз дили буруни киришма асбоб дода анд

Тӯфони фитнаи доманашон тар наме кунад

Дарёи дилон ки рахт ба сайлоб дода анд

Ҷурмаш чаҳ зин , ки бар мижаи як дам қарор нест

Ашки маро ки ҷилва симоб дода анд

Моро зи акси турраи рухсори глрхон

Шаб додаанду гавҳари шаб тоб дода анд

Файёз аз тағофули чашм батон маранҷ

Мустанаду дил ба завқи шукр хоб дода анд