Кӯи ғам ки ноларо ба асар ошно кунад
Алмосро ба доғи ҷигар ошно кунад
Моу фиреби гӯшаи чашмӣ ки аз фусун
Бегонаро ба ним назар ошно кунад
Нагузошт шарми дӯст ки дил бо ҳазор шавқ
Хунобаро ба дидатар ошно кунад
Шеван мукаррар аст бигӯед андалеб
Ин нағмаро ба тарз дигар ошно кунад
Тарсам ки рафтаи рафтаи ҳаводори зулфи ту
Дасти ҳаваси туро ба камар ошно кунад
То шарм ҳаст парда бегонагӣ баҷост
Моро шароб бо ту магар ошно кунад
Файёзро чу теғ ба сар мезанад рақиб
Дастӣ ки аз ғами ту ба сар ошно кунад