Ойӣна аз акси рухи ёрам гулистон ме шавад
Андеша аз ёди лабаши лаъл Бадахшон ме шавад
Ман булбули он ғунча нашукуфтаам каз хуррамӣ
Ҳар гуҳ табассум мекунад олам гулистон ме шавад
Ҳар ҷо ки он гули перҳан аз ноз бигушоед қабо
Ҳасрати гиребон май дард , хамёза урён ме шавад
Аз зулфи куфри оўнг ӯ аз рӯй имони ранг ӯ
Ислом кофар мешавад , кофар мусулмон ме шавад
Теғи нигаҳ чун баркашад нахли шаҳодати саркашад
Чун ҷилваи доман дар кашад ҳашар шаҳидон ме шавад
Афзуди истиғноӣ ӯ аз гиряи биҷои ман
Офат буд бар кишт чун бевақт борон ме шавад
Ҳар рӯзи ҳиҷр рӯй ӯ рӯзи маро шаб ме кунад
Ҳар шаб ба ёди зулф ӯ хобам парешон ме шавад
Шабнами сапанди оташи рухсор гул гардад зиришк
Ҳргаҳи арақ бар чеҳраи шарми ту ғалтон ме шавад
Ман мард ъушрат нестам , аммо зи Ямани ишқ ӯ
То мерасад ғам дар дилам бо айш яксон ме шавад
Ман аз куҷоу шеваи расми такаллуф аз куҷо
Хуршедам аз кучаки дилӣ дар зарра пинҳон ме шавад
Марҳам чаҳ савдои ҳамдамони файёзро чун ҳар нафас
Захми дил аз ёди лаби лаълаш намакдон ме шавад