Нигарадед ошноӣ май лаб аз хештани масташ

Дили паймона хӯн шуд зи интизори бӯсаи дасташ

Ба нохун тоза дорам захми тирашро ки ме хоҳам

Дар айёми ҷудоӣ ёдгорӣ бошад аз шасташ

Парешон кардани дил чун сабо овора ам дорад

Каманди туррае кӯ , то кунад як бораи пои басташ

На танҳо май прстоннд аз зоҳиди дили озурда

Дили тасбеҳи ҳам сӯрох сӯрохаст аз дасташ

Маранҷ аз таънаи душман гар афтодӣ зи пои файёз

Ки бошад сарбаланди он сар ки ишқ ӯ кунад пасташ