Гиря бе хӯни дилам рангӣ надорад дар бисот
Бе ман оҳу нола бо ҳам кӣ намоянди ихтилот
Он сбкрўҳи ғами ишқам ки доим ме кунад
Гиря бе ман инқибозу нола бо ман инбисот
Гар дили дарди ошноӣ ман набӯдӣ дар миён
Ишқроу ҳасанро бо ҳам набӯдӣ иртибот
Кардаам то бӯдаам дар инқилоби рӯзгор
Дӯстиҳо бо малолу душманиҳо бо нишот
Ман муҳайё мекунам асбоби ҳасрат варна нест
Синаро бе саъии ман сомони оҳӣ дар бисот
Ман ҷунунам , май занами худро ба дарё бе диранг
Ақл гӯ биншин ки то киштӣ бисозад эҳтиёт
Ҳавли фардои қиёмат гар надорам давр нест
Кардаам бо тори зулфаши умрҳо машқи сирот
Гар на баҳр дидан рӯй ту бошад кӣ кунад
Ашки хунин бо сари мижгони ошиқи ихтилот !
Ғам махӯр файёзи дунёи қобил таъмир нест
Дар раҳи сайл фано карданд тарҳи ин работ