Шуд умри сарфи кор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Хуш рафт рӯзгор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Боди муроди офат мо шуд дарин муҳӣт
Рафтем бар канору нкрдики ҳеҷ ҳазз
Ҷустем баҳр сӯхтан аз ишқи як шарор
Дӯзах шуд ин шарор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Ҳаззӣаст изтироби навиди қудуми ёр
Ғофил расед ёр ва накардем ҳеҷ ҳазз
Гуфтем дар баҳор тавон дод айш дод
Кардем сад баҳор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Беравнақӣ буд мазаи кору бори ишқ
Равнақ гирифт кор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Гуфтеми нахли умри магари бор нав диҳад
Дардо ки рехти бор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Ишқасту ноумедӣ ва сад айши ҷовдон
Гаштем умедвор ва накардем ҳеҷ ҳазз
Имшаб ки буд ҳарфи ту файёз дар миён
Тай шуд сухани ҳазор ва накардем ҳеҷ ҳазз