Хуршед бар фурӯзад аз оташи таби ишқ

Маҳтоб рӯй созад дар зулмати шаби ишқ

Дар косаи сари ақли ҳафт осмон занад чарх

Чун ҷуръа рез гардад ҷоми лаболаби ишқ

Ҷӯшад з ҳар таронаи фаввораҳои асрор

Ҳасан арзанд ба афсуни ангушт бар лаби ишқ

Дар хӯн тапад иҷобати ғлтд ба хоки таъсир

Ҷӯшад чу аз лаби оҳи ошӯб ёрб ишқ

На қайди дайни парастӣ на ъорлои мастӣ

На ном ва нанг ҳастӣ нозам ба машраби ишқ

Куфраст лоязолӣ дайнаст лоуболӣ

Касро нагашт ҳолеи таҳқиқи мазҳаби ишқ

Дарё баровард ҷӯш ҳар қатраро дар оғӯш

Гар саркашади з сарпӯш хон мураттаби ишқ

Шуд хонқаҳи маъаттали майхонаҳо мқФл

Ҳам қиблаҳо муҳаввал бо кашфи матлаби ишқ

Файёзи гӯш дил бош костод мо нагӯяд

Ҷуз бо забони абрӯи дарси муҳаззаби ишқ