Худро ба нози он бут танноз дода ем
Сад малики дил ба ғорати як ноз дода ем
Дар роҳи ишқи офият аз мо мҷу ки мо
Анҷомро ба мужда оғоз дода ем
Дилро ки ошиёна товус орзӯаст
Аз хори хори васваса парвоз дода ем
Дар базми шавқи соғари лабрези васл ро
Сад раҳ гирифтаем ва дигар боз дода ем
Гӯи ошёни тамаъи бабр аз мо кунун ки мо
Худро ба ёди ҷилва парвоз дода ем
Ҳар булбули назора ки оҳанг дил надошт
Аз шохи гулбуни мижа парвоз дода ем
То бастаем роҳи амл бар ҳарими дил
Дар синаи роҳи ҷилваи сад роз дода ем
Бо мо насозад ар фалаки сифла , гӯи мсоз
Акнӯн ки тан ба толеъ носоз дода ем
Бо лиззати ғамат ки ду олам дар он гумаст
Ғамҳои рафтаро ҳама овоз дода ем
То аз кадом парда барояд навой мо
Гӯшӣ ба нағмаи резии ин соз дода ем
Файёзи ҳашари мурдаи длонст ҳар нафас
То мо ба нутқи рухсат эъҷоз дода ем