Ҷунуни таклифи кӯҳу дашт ва саҳро мекунад мо ро

Агар тани дрдҳими охир ки пайдо мекунад моро ?

Муҳаббати шамъ фонӯсаст кӣ пӯшида ме монад

Ғам ӯ оқибат дар парда расво мекунад мо ро

Қимори ишқи нақди сарфаро дар бохтан дорад

Таманнои зиёни саргарм савдо мекунад мо ро

Пас аз куштани нигоҳи гӯшаи чашмаш ба ҷон додан

Барои куштани дигар муҳайё мекунад мо ро

зи сайли ашки мо тар мешавад абрӯ наме донад

Ки рафтаи рафтаи ғами ҳамчашм дарё мекунад мо ро

зи ҳурмони майли дил афзӯн шавад зон дар висол ӯ

Хилофи ваъдаи саргарм таманно мекунад мо ро

Биёед эй ҳаводорони як имшаб шод биншинем

Ки фардо меравад файёз ва танҳо мекунад мо ро