Илоҳӣ то буд дунё ту бошӣ

Набошад дарду ғам ҳар ҷо ту бошӣ

Буд то ишқро дилҳои маҷрӯҳ

Илоҳии марҳами дилҳо ту бошӣ

Манам имрӯзу фардо лек чандон

Ки ҳаст имрӯзро фардо ту бошӣ

Агар ман бо ту дар ҳастӣ нагунҷам

Илоҳӣ ман набошам то ту бошӣ

зи ман пинҳон чаҳ май гардии ҳамон ба

Ки ман пинҳон шавам пайдо ту бошӣ

Ба ин умеди шабҳо рӯзи созам

Ки рӯзам дар дили шабҳо ту бошӣ

зи дили файёзро ҳам , давр кардам

Ки доим дар дилам танҳо ту бошӣ