Яке нома бинвишт шоҳи замин

Ба ховари худоӣ ва ба солори чин

Сар нома кард офарини худоӣ

Куҷо ҳаст ва бошад ҳамеша ба ҷой

Чунин гуфт кин номаи пандманд

Ба назд ду хуршед гашта баланд

Ду сангии ду ҷангии ду шоҳи замин

Миёни каён чун дурахшони нигин

Аз онкўи з ҳар гӯнаи дидаи ҷаҳон

Шуда ошкоро бирав бар ниҳон

Гроиндаҳи теғу гурзи гарон

Фурӯзандаи номдори афсарон

Намояндаи шаб ба рӯзи сипед

Гушояндаи ганҷи пеши умед

Ҳама ранҷҳо гашта осони бадавӣ

Бирав равшанӣ андар оварда рӯй

Нахоҳам ҳамеи хештанро кулоҳ

На огндаҳи ганҷ ва на тоҷ ва на гоҳ

Се фарзандро хоҳам орому ноз

Аз он пас ки дидеми ранҷи дароз

Бародар казу буд дилатон ба дард

Вагар чанд ҳаргиз назд боди сард

Давон омад аз баҳри озоратон

Ки буд орзӯманди дидоратон

БиФгнди шоҳии шуморо гузид

Чунон каз раҳи номдорони сзид

зи тахт андар омад ба зин барнишаст

Бирафту миёни бандагиро бибаст

Бидон кӯ ба сол аз шумо кеҳтараст

Нўозидни кеҳтар андар хураст

Громиш доред ва нӯша хуред

Чу парварда шуд тан равон парваред

Чу аз буданаш бугзарад рӯз чанд

Фиристед бо зии маниши арҷманд

Ниҳоданд бар нома бар меҳри шоҳ

зи айвон бар Эраҷ гузин кард роҳ

Бишуд бо танӣ чанд бурноу пер

Чунон чун буд роҳро ногузир