Бифармуд то мӯбадону радон

Ситораи шиносон ва ҳам бхрдон

Кунанд анҷумани пеши тахти баланд

Ба кори сипеҳрӣ пажӯҳиш кунанд

Бирафтанду бурданди ранҷи дароз

Ки то бо ситора чаҳ доранд роз

Се рӯзи андарон корашон шуд диранг

Бирафтанд бо зиҷи рӯмӣ ба чанг

Забон бар кушоданд бар шаҳриёр

Ки кардем бо чархи гардони шумор

Чунин омад аз дод ахтари падед

Ки ин об равшан бихоҳад давид

Азин духти меҳроб ва аз пӯри сом

Гӯии пар маниш зояду неки ном

Буд зндгониш бисёр мар

Ҳамаш зӯр бошад ҳам ойину фар

Ҳамаш брз бошад ҳамаш шоху ёл

Ба разм ва ба базмаш набошад ҳам?ил

Куҷои бора ӯ кунад мӯӣ тар

Шавад хушки ҳамразм ӯро ҷигар

Уқоб аз бар трг ӯ нагзарад

Сарони ҷаҳонро бкс нашимурд

Яке брзи боло буд фарманд

Ҳама шер гирад ба хами каманд

Ҳаворо ба шамшер гирён кунад

Бар оташи яке гӯр бирён кунад

Камари бастаи шаҳриёрон буд

Ба Эрони паноҳи саворон буд