Бишорат каз лаби соқӣ дигар месоф ме ояд

Сафоӣ сина дода бар сар инсоф ме ояд

Расед ин мужда аз болои бишорати даҳ ҳарифон ро

Ки анқоӣ май софии зи кӯҳ қоф ме ояд

Ҳамаи олами зи як май масти лекин ихтилофӣ ҳаст

зи ошиқи нестии хезади зи зоҳид лоф ме ояд

зи як ҷои масти мастиҳо тафовут шуд азин пайдо

Ки зоҳид мекашад дардӣ ва моро соф ме ояд

намебошад дил беғаш намонад аз софи ҷузи номӣ

Ба гӯш аз софии сӯфии ҳамин авсоф ме ояд

Рамед аз пешами он оҳӯи валикини сархушам аз бӯ

зи оҳӯгар ҷудо шуд нофаи атр аз ноф ме ояд

Ҷудои гаштами зи асли худ чу ҷузвӣ каз китоб уфтад

Вале шерозаи аҷзо аз он саҳҳоф ме ояд

Ман бедили зи дилдорами басӣ умедҳо дорам

Бишоратҳои беҳбӯдии марои з атроф ме ояд

Кунад дар лутф агар ғарқам аз он қаҳҳор май зебад

Бисӯзадгар ба нори қаҳр аз он алтоф ме ояд

Нисори хоки поишро надорам роиҷи нақдӣ

зи ман бипазирад ар қалбӣ аз он сарроф ме ояд

Маро дар роҳи ишқ ӯ басӣ афтод мушкил ҳо

Кунадгар мушкилотами ҳал аз он кшоФ ме ояд

Сазад ар ҳаркасӣ корӣ кунад ҳар ҳомилии ёрӣ

зи хубони тарки инсофу зи мо инсоф ме ояд

Бидиҳ соқӣ май беғаш ки чун аз соф сархуш шуд

Ба дил аз олами болои маъонӣ соф ме ояд

Сар ғавғо надорад файз мулло гуфту гӯ кам кун

зи аҳл дил бияёд ончӣ аз аҷлоФ ме ояд