Хешро аввал сазовораш кунед

Онгаҳе ҷон дар сар кораш кунед

Ғамза аз чашми шӯхаш во кашид

Фитна дар хобаст бедораш кунед

Гар надорад аз ғами ошиқи хабар

Соғарӣ аз ишқ дар кораш кунед

Пеш рӯй ӯ наед ойина

Дар каманди худ гирифтораш кунед

Гар бипарҳезад дили бемори азу

Шарбатӣ зон чашм дар кораш кунед

Ёба бемории ҷони тан дар диҳед

ё ҳазар аз чашм бемораш кунед

Хори манъӣ гар занад дили хасӣ

Бодаи гулранг дар кораш кунед

Гар насозад бо ҷафои дӯсти дил

Бо фироқ ӯ шабӣ ёраш кунед

Бори ишқ ар бар надорад дӯши файз

Корҳои оқилон бориш кунед