Марост дидан рӯй ту бе ниқоби лазиз
Чунонкии ташнаи ду рӯзааст оби лазиз
Буд лазизи маро дар биҳишти завқи висол
Чунонкии обиди сад соларо савоби лазиз
Буд муроди ту тарки ҳисоб эй зоҳид
Марост чуну чроҳош дар ҳисоби лазиз
Марои бурузи қиёмати пас аз лақои ҳабиб
Буд ҷавори вайу пурсишу хитоби лазиз
зи ҳуру қасри булӯр ва асал магӯӣ ки ман
Ҷуз ӯам ҳеҷ набошад бҳичи боби лазиз
Буд зи чашми хуши ёр лиззат мастем
Чунонкии оммаро мастии шароби лазиз
Аз ин ҷаҳони ғам ӯ интихоб кардам ман
Ки назд ман ғам ӯ ҳаст биҳсоби лазиз
Буд зи синаи бирёни худ марои лиззат
Чунонкии гуруснаро буд кабоби лазиз
Намонад суҳбати асҳобро дигар файзӣ
Марост файзи ҳамин суҳбати китоби лазиз