Дар серуми ишқи ту эй ёр ҳамонаст ҳамон

Дар дилами ҳасрат дидор ҳамонаст ҳамон

Шуълаи оташи савдои ту дар сар боқӣаст

Дили сӯзони шарар бор ҳамонаст ҳамон

Ғаму андӯҳи фироқ ту ҳамонаст ки буд

Зории дида хўнбор ҳамонаст ҳамон

Дар дилами сабр дигар нест ҳамин буд ҳамин

Ҷаврат эй шӯхи ҷафо кор ҳамонаст ҳамон

Тири мижгонати ҳамон хӯни дилам май резад

Ситами ғамза хунхор ҳамонаст ҳамон

Чашми масти ту ҳамон роҳзани дайн ва диласт

Фитнаи наргис хумор ҳамонаст ҳамон

Шарбати нӯши даҳони ту ҳамон рӯҳ афзост

Ҳам давои ман бемор ҳамонаст ҳамон

Шеваи нозу тағофул ки туро буд баҷост

Ситаму ҷаври з ағёр ҳамонаст ҳамон

Дмбдми ишқи туами рӯ бтрқӣ дорад

Зонка ҳасани ту дар ин кор ҳамонаст ҳамон

Дидаи файз бўслт нигаронаст ҳануз

Ҳасрати чашм гуҳарбор ҳамонаст ҳамон