Бе пардаи рухи намо ки шавам ман фидои ту

Дар чашми ман дар о ки шавам ман фидои ту

Давр аз чашми бад ки саропои нкўӣиӣ

Наздиктар биё ки шавам ман фидои ту

Хуб омадӣ биё ки бпои ту ҷони даҳум

Дардам шавад даво ки шавам ман фидои ту

Бо ман ҳар ончӣ мекунӣ аз лутфу қаҳру ноз

Ҳаст онҳамаи баҷо ки шавам ман фидои ту

Дар хулд чун биноз хиромӣ барисам сайр

Ҳурат кунад дуо ки шавам ман фидои ту

Бигузар зи файзи зуд ки дерӣаст доряш

Дар ваъдаи лақо ки шавам ман фидои ту