Даврам аз хеш макун ҳон пушаймон нашӯй
Нӯши ман неш макун ҳон пушаймон нашӯй
Дили мо риш макун ҷаври азин беш макун
эй ҷафои кеши ман ҳон пушаймон нашӯй
Ғайрро ёр макун ёрро хор макун
Макун ин кор макун ҳон пушаймон нашӯй
Ёр ағёр машав душман ёр машав
Пай озор машав ҳон пушаймон нашӯй
Тарк ағёр бигӯ тарк озор бигӯ
Тарки ин кор бигӯ ҳон пушаймон нашӯй
Аз худам давр макун дидаам кӯр макун
Дар ҷафо шӯр макун ҳон пушаймон нашӯй
Нури чашмтар файзи мӯнису ғами хури файз
Нарӯй аз бар файзи ҳон пушаймон нашӯй