Ҳар касе кӯ аз тариқи аҳли байт огоҳ нест
Ҳарчӣ гуяд дар ҳақи мо ҷои ҳеҷ икроҳ нест
Ҷамъ кун хотир ки оли Мустафоро пай рӯй
Бар сироти мустақӣм эй дил касе гумроҳ нест
Тоъати оли паямбари кори ҳқҷўён буд
Аҳли ботилро ба кӯии он ҷамоат роҳ нест
Чист боис бар хафои Меҳдии охири замон
Зини муаммои ҳеҷ доно дар ҷаҳон огоҳ нест
Ҳрдм аз умраст бар мо чун дами теғ аз фироқ
Ин ҳамаи захм ниҳонасту маҷол оҳ нест
Ҳарчӣ ҳаст аз қомати носози биондоми мост
Варна ташрифи ту бар болои кас кӯтоҳ нест
Ин ҳамаи ноқобилӣ аз зот худ дорем мо
Варна манъу бухлу кӯтоҳӣ дар он даргоҳ нест
Файз агар дар роҳи дунёи ҷаҳду ҷад кам мекунад
Банда дайнаст ӯ дар банди мол ва ҷоҳ нест