Асири дом зулфам карда бар гирди саргардон

Чу гардонида саргаштаам саргаштатар гардон

Ман аз ҷони ноумедами тири худ бар ман макун зойеъ

Агар дории давоеи сарфи бемор дигар гардон

Даровар ҷилва то хӯни дили мо резад аз мижгон

Ниҳоли ноумедӣҳои моро борвари гардон

Бидиҳ тори шуъоъи дидаро пайванд бо зулфат

Замонии риштаи он зулфро мади назари гардон

Камоли ҳасан мехоҳӣ магардон рӯй аз ошиқ

Маи рухсори худро матраҳи нури басари гардон

Саводи чашмтар бгдохт аз барқи ғами ҳиҷрат

Биёу холи мшгинро саводи чашмтар гардон

зи даврони мухолиф чанд дард сар кашад соқӣ

Фузулиро ба як ҷоми лаболаб бе хабари гардон