Чашм бикшодам бболоит бало дидам туро
Бихўдм кардӣ намедонам куҷо дидам туро
Аз ту дар тифлӣ ҷафо медидам аммо андакӣ
Дар ҷавонии маҳзи бедод ва ҷафо дидам туро
Бевафоеро на имрӯз аз касе омухтӣ
Моҳи ман рӯзӣ ки дидам бевафо дидам туро
Кошкӣ ҳаргиз намекардам гузари сӯй дарат
Дӯш бо бегона чанд ошно дидам туро
эй дили золими асири доми зулф ӯ шудӣ
Шукри ллаҳ дар балое мубтало дидам туро
эй рақиб аз диданати ҳаргизи маро завқӣ нашуд
Ғайри ин соъат ки аз ҷонон ҷудо дидам туро
Гар на ошиқ чаҳ мегаштӣ бичишам ашкбор
Бар сари кӯяши фузулӣ борҳо дидам туро