Ҳиллаи ман ошиқи зотами тананоҳо ё ҳў
Нозири ҳасанаи сифотами тананоҳо ё ҳў
Мӯсоу Хизру тамошои таҷаллӣ бар тавр
Ман на дар банди ҷаҳотами тананоҳо ё ҳў
Шарари оташи рухшандаи ишқам ки яке сет
Дами мелоду вафотами тананоҳо ё ҳў
Зулмати куфри мубини равшании табъи нигар
Чашмаи оби ҳаётами тананоҳо ё ҳў
Фани таҳрир ба ман нозад ва ман фориғ аз он
Марҷаъи калаку дўотми тананоҳо ё ҳў
Бар дар дӯсти ҳамеи биҳдаҳи нолам ки мабод
Ранҷад аз сабру саботами тананоҳо ё ҳў
Парвариши ҷуз ба хӯриш нест ҳамоно розиқ
Бар ҷгрдодаҳи баротами тананоҳо ё ҳў
Муҷрими олами арвоҳ ва ба подоши амал
Хастаи қайди ҳаётами тананоҳо ё ҳў
Такя бар мағфират ӯст на бар тоъати хеш
Тораки савму слотми тананоҳо ё ҳў
Чашм дорам ки ба раҳ рӯй диҳад бе худе
Ҷуз бад-ӣн нест наҷотами тананоҳо ё ҳў
Ғолибами ташнаи тлхоб на ҳамчун ҳофиз
Моили шохи наботами тананоҳо ё ҳў