Чанд ҷафои шева ва одат кунӣ ?

Вақт наомад ки мурувват кунӣ ?

Худ чаҳ шавад ,гар ба асирони хеш

Лутф ба андоза ҳасрат кунӣ ?

Ҷони зи ғамат бар лабам омад нишаст

Мунтазири онкии ту рухсат кунӣ

Моу гунаҳ ,гар ту ба ин рӯй хуб

Рӯзи ҷазои майл шафоат кунӣ

Худ чаҳ гузинӣ ки азон беҳтараст ?

Қудсӣ агар тарк муҳаббат кунӣ