Касе ки ҳасану хати дӯст дар назар дорад

Муҳаққиқаст ки ӯ ҳосил басар дорад

Чу хома дар раҳи фармон ӯ , сари тоъат

Ниҳодаем магар ӯ ба теғ бардорад

Касе ба васли ту чун шамъ ёфт парвона

Ки зери теғи ту ҳар дами сиррӣ дигар дорад

Ба пои бӯси ту даст касе расед ки ӯ

Чу остонаи бад-ӣн дар , ҳамеша сар дорад

зи зуҳди хушки малулам , куҷост бодаи ноб ?

Ки буии бодаи мудомами димоғ тар дорад

зи бодаи ҳеҷат агар нест , ин на бас ки ту ро

Дамии зи васвасаи ақл бехабар дорад ?

Касе ки аз раҳи тақвои қадам бурун наниҳод

Ба азми майкада акнӯн раҳ сафар дорад

Дили шикастаи ҳофиз ба хок хоҳад барад

Чу лола , доғи ҳавоӣ , ки бар ҷигар дорад