Равшании талъати ту моҳ надорад

Пеши ту гул , равнақ гиёҳ надорад

Гӯша абрӯӣ туаст манзили ҷонам

Хуштар аз ин гӯша , подшоҳ надорад

То чаҳ кунад бо рухи ту дӯди дили ман

Оинаи доне ки тоб оҳ надорад

Шухии наргиси нигар ки пеши ту бушковат

Чашми дарида , адаб нигоҳ надорад

Дидам ва он чашми дили сияҳ ки ту дорӣ

Ҷониби ҳеҷ ошно нигоҳ надорад

Ратли гаронами даҳ эй мурӣди харобот

Шодии шайхӣ ки хонақоҳ надорад

Хӯни хур ва хомаш нишин ки он дили нозук

Тоқати фарёд додхоҳ надорад

Гӯ бираву остин ба хӯни ҷигари шӯй

Ҳар ки дар ин остона роҳ надорад

Неи ман танҳо кашами татовули зулфат

Кист ки ӯ доғи он сиёҳ надорад ?

Ҳофиз агар саҷда ту кард макун айб

Кофари ишқ эй санам гуноҳ надорад