Саҳари булбули ҳикоят бо сабо кард

Ки ишқ рӯй гул бо мо чаҳ ҳо кард

Аз он ранги рухам , хӯн дар дил афтод

Вази он гулшан , ба хорам мубтало кард

Ғуломи ҳиммати он нозанинам

Ки кори хайр бе рӯй ва риё кард

Ман аз бегонагон дигар нанолам

Ки бо ман ҳарчӣ кард он ошно кард

Гар аз султон тамаъ кардам , хато буд

Вар аз дилбари вафои ҷустам , ҷафо кард

Хушаши боди он насими субҳгоҳӣ

Ки дард шаб нишинонро даво кард

Ниқоб гул кашиду зулфи сунбул

Гиреҳи банди қабои ғунча во кард

Ба ҳар сӯи булбули ошиқ дар афғон

Тнъм аз миён , бод сабо кард

Бишорат бар ба кӯй май фурӯашон

Ки ҳофизи тавба аз зуҳд риё кард

Вафо аз хоҷагони шаҳр бо ман

Камоли давлату дайн бўолўФо кард