Гул бе рухи ёр хуш набошад

Бе бодаи баҳор хуш набошад

Тарафи чаману тавофи бустон

Бе лолаи изор хуш набошад

Рақсидани сарву ҳолати гул

Бе савти ҳазор хуш набошад

Бо ёри шакарлаби гули андом

Бебӯсу канор хуш набошад

Ҳар нақш ки дасти ақли бандад

Ҷузи нақшнигор хуш набошад

Ҷони нақд муҳақараст ҳофиз

Аз баҳри нисор хуш набошад