Гудохт ҷон ки шавад кори дили тамом ва нашуд
Бсухтем дар ин орзӯии хом ва нашуд
Ба лоба гуфт шабии мейри маҷлис ту шавам
Шудам ба рағбати хешаши камӣни ғулом ва нашуд
Паём дод ки хоҳам нишаст бо риндон
Бшд ба риндӣу дардии кашеми ном ва нашуд
Равост дар бар агар метапад кабӯтари дил
Ки дид дар раҳи худ тобу печи дом ва нашуд
Бидон ҳавас ки ба мастӣ бабўсам он лаби лаъл
Чаҳ хӯн ки дар дилам афтод ҳамчуи ҷом ва нашуд
Ба кӯй ишқ манеҳ бе далели роҳ , қадам
Ки ман ба хеш намӯдам сад иҳтимом ва нашуд
Фиғон ки дар талаби ганҷи номаи мақсӯд
Шудам хароби ҷаҳонии зи ғами тамом ва нашуд
Дареғу дард ки дар ҷусту ҷӯии ганҷи ҳузур
Басӣ шудам ба гадоӣ бар киром ва нашуд
Ҳазор ҳилаи барангехти ҳофиз аз сари фикр
Дар он ҳавас ки шавад оннигор ром ва нашуд