То зи майхона ва май ном ва нишон хоҳад буд

Сари мо хоки раҳи пер Муғон хоҳад буд

Ҳалқаи пери Муғон аз азалам дар гӯш аст

Бар ҳамонем ки будем ва ҳамон хоҳад буд

Бар сари турбати мо чун гузарии ҳиммати хоҳ

Ки зёртгаҳи риндон ҷаҳон хоҳад буд

Бирав эй зоҳиди худбин ки зи чашми ман ва ту

Рози ин парда ниҳонаст ва ниҳон хоҳад буд

Тарки ошиқи каши ман маст бурун рафт имрӯз

То дигар хӯн ки аз дида равон хоҳад буд

Чашмами он дам ки зи шавқи ту наад сар ба лаҳад

То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд

Бахти ҳофизгар аз ин гӯна мадд хоҳад кард

Зулфи маъшуқа ба даст дгарон хоҳад буд