Хаёл рӯй ту дар ҳар тариқи ҳамраҳи мост

Насими мӯии ту , пайванди ҷони огаҳи мост

Ба рағми муддаӣоне ки манъ ишқ кунанд

Ҷамоли чеҳраи ту , ҳуҷҷати муваҷҷаҳи мост

Бибин ки себи занхдони ту чаҳ ме гуяд

Ҳазор Юсуфи мисрӣ , фитода дар чаҳ мост

Агар ба зулфи дарози ту , даст мо нарасад

Гуноҳи бахти парешону дасти кӯтаҳи мост

Ба ҳоҷиб дар хилвати сарой хос бигӯ

Фалони з гӯша нишинон хоки даргаи мост

Ба сӯрат аз назари мо агар чаҳ маҳҷӯб аст

Ҳамеша дар назари хотири мураффаҳи мост

Агар ба солии ҳофиз дарӣ занад , бигушоӣ

Ки солҳост ки муштоқ рӯй чун маи мост