Он шаб қадре ки гӯйанд аҳли хилват имшаб аст
ё раби ин таъсири давлат дар кадомин кавкабаст ?
То ба гесуии ту дасти носазоён кам расад
Ҳар дилӣ аз ҳалқае дар зикр ёрб ёрб аст
Куштаи чоҳи занхдони туам каз ҳар тараф
Сад ҳазораш гардани ҷони зери тавқ ғабғаб аст
Шаҳсавори ман ки маи ойӣнаи дор рӯй ӯст
Тоҷи хуршеди баландаши хоки наъл мураккаб аст
Акси хуй бар оризаши байни коФтоби гарми рӯ
Дар ҳавои он арақ то ҳаст ҳар рӯзаш таб аст
Ман нахоҳам кард тарки лаъли ёру ҷом май
Зоҳидӣ маъзӯр доредам ки инам мазҳаб аст
Андари он соъат ки бар пушт сабо банданд зин
Бо сулаймон чун баронам ман ки мӯрам мураккаб аст
Он ки новак бар дили ман зер чашмӣ ме занад
Қӯти ҷони ҳофизаш дар хандаи зер лаб аст
Оби ҳайвонаши зи минқор балоғат ме чакад
Зоғи калаки ман ба номи эзад чаҳ олӣ машраб аст