Зулф бар боди мада то надиҳӣ бар бодам
Ноз бунёд макун то накунӣ бунёдам
намемахӯр бо ҳамаи кас то нахӯрам хӯни ҷигар
Сари макаш то накушуд сар ба фалаки фарёдам
Зулфро ҳалқа макун то накунӣ дар бандам
Турраро тоби мада то надиҳӣ бар бодам
Ёр бегона машав то набарӣ аз хешам
Ғам ағёр махӯр то накунӣ ношодм
Рух барафрӯз ки фориғ кунӣ аз барги гулам
Қади броФроз ки аз сарв кунӣ озодам
Шамъ ҳар ҷамъ машав вар на бисӯзӣ мо ро
Ёд ҳар қавм макун то нарӯй аз ёдам
Шуҳра шаҳр машав то нануҳум сар дар кӯҳ
Шӯр ширин манимо то накунӣ Фарҳодам
Раҳм кун бар ман мискин ва ба фарёдами рас
То ба хок дар осиф нарасад фарёдам
Ҳофиз аз ҷаври ту ҳошо ки бигардонад рӯй
Ман аз он рӯз ки дар банди туами озодам