Ҳар чанд перу хастаи дил ва нотавон шудам

Ҳар гуҳ ки ёд рӯй ту кардам ҷавон шудам

Шукри худо ки ҳар чаҳ талаб кардам аз худо

Бар миннатҳои ҳиммати худ Комрон шудам

эй гулбуни ҷавон бар давлат бихӯр ки ман

Дар сояи ту булбули боғ ҷаҳон шудам

Аввали зи таҳту фавқи вуҷӯдам хабар набӯд

Дар мактаби ғами ту чунин нукта дон шудам

Қисмати ҳўолтм ба харобот ме кунад

Ҳарчанд ки ин чунин шудам ва он чунон шудам

Он рӯз бар дилам дар маънӣ гушӯда шуд

Каз сокинони даргаи пер Муғон шудам

Дар шоҳроҳи давлати сармад ба тахти бахт

Бо ҷом май ба коми дил дӯстон шудам

Аз он замон ки фитнаи чашмат ба ман расед

Эмини зи шари фитна охрзмон шудам

Ман пери солу моҳи ним , ёр бе вафост

Бар ман чу умр мегузарад пер аз он шудам

Дӯшам навид дод аноят ки ҳоФзо

Бозо ки ман ба афви гуноҳат змон шудам