Чаро на дар паии азми диёр худ бошам
Чаро на хоки сари кӯии ёр худ бошам
Ғами ғарибӣу ғурбат чу бар наме тобам
Ба шаҳри худ рӯму шаҳриёр худ бошам
зи муҳаррамони саропарда висол шавам
зи бандагони худовандгор худ бошам
Чу кори умр на пайдост бории он аввалӣ
Ки рӯзи воқеаи пешнигор худ бошам
зи дасти бахти гарони хобу кор бе сомон
Гарм буд гилае , роздор худ бошам
Ҳамеша пешаи ман ошиқӣу риндӣ буд
Дигар бакӯшаму машғӯли кор худ бошам
Буд ки лутфи азал раҳнамӯн шавад ҳофиз
Вагарна то ба абади шармсор худ бошам