Умрӣаст то ба роҳи ғамати рӯ ниҳода ем

Рӯйу риёии халқ ба як сӯ ниҳода ем

Тоқу равоқи мадрисау қолу қили илм

Дар роҳи ҷому соқии маи рӯ ниҳода ем

Ҳам ҷон бидон ду наргиси ҷодӯ супурда ем

Ҳам дил бидон ду сунбули ҳиндӯ ниҳода ем

Умрии гузашт то ба умеди ишоратӣ

Чашмӣ бидон ду гӯшаи абрӯ ниҳода ем

Мо малики офият на ба лашкар гирифта ем

Мо тахти салтанат на ба бозу ниҳода ем

То саҳари чашми ёр чаҳ бозӣ кунад ки боз

Бунёд бар киришмаи ҷодӯ ниҳода ем

Бе зулфи саркашаши сари савдое аз малол

Ҳамчун бунафша бар сари зону ниҳода ем

Дар гӯшаи умед чу назорагони моҳ

Чашми талаб бар он хами абрӯ ниҳода ем

Гуфтӣ ки ҳоФзои дили саргашта ?ут куҷост ?

Дар ҳалқаҳои он хами гесу ниҳода ем