Хез то аз дар майхона кушодӣ талабем

Ба раҳ дӯст нишинем ва Муродӣ талабем

Зоди роҳи ҳарам васл надорем магар

Ба гадои з дар майкада зодӣ талабем

Ашки олӯдаи мо гарчи равонаст вале

Ба рисолати сӯй ӯ пок наҳодӣ талабем

Лиззати доғи ғамат бар дили мо боди ҳаром

Агар аз ҷаври ғами ишқ ту додӣ талабем

Нуқтаи холи ту бар лавҳ басар натавон зад

Магар аз мардумаки дида мидодӣ талабем

Ишвае аз лаби ширини ту дили хост ба ҷон

Ба шикарханда лабат гуфт мзодӣ талабем

То буд нусхаи атрии дили сўдоздаҳ ро

Аз хати ғолияи сои ту саводӣ талабем

Чун ғаматро натавон ёфт магар дар дили шод

Мо ба умеди ғамати хотир шодӣ талабем

Бар дар мадриса то чанд нишинии ҳофиз ?

Хез то аз дар майхона кушодӣ талабем