ё раби он оҳӯии мишкӣн ба хутани бозрасон

Ваон сеӣ сарви хиромон ба чамани бозрасон

Дили озурдаи моро ба насимӣ бинавоз

Яъне он ҷони зи тани рафта ба тани бозрасон

Моҳу хуршед ба манзил чу ба амр ту расанд

Ёри ма рӯй маро низ ба ман бозрасон

Дидаҳо дар талаби лаъли ямонӣ хӯн шуд

ё раби он кавкаби рахшон ба Ямани бозрасон

Бирав эй тоири маймуни ҳумоюни осор

Пеши анқои сухани зоғу зағани бозрасон

Сухан инаст ки мо бе ту нахоҳем ҳаёт

Бишинав эй пайки хабаргиру сухани бозрасон

Он ки будӣ ватанаши дидаи ҳофиз ё раб

Ба муродаши зи ғарибӣ ба ватани бозрасон