Баҳору гули тараби ангези гашту тавбаи шикан
Ба шодии рухи гули бехи ғами зи дил бар кун
Расед боди сабои ғунча дар ҳаводорӣ
зи худ бурун шуд ва бар худ дарид пероҳан
Тариқи сидқи биомуз аз оби софии дил
Ба ростии талаби озодагии зи сарви чаман
зи дастбурди сабои гирди гули кулолаи нигар
Шиканҷи гесуӣ сунбул бибин ба рӯй саман
Арӯс ғунча расед аз ҳарам ба толеъи саъд
Бъинаҳи дилу дайн май барад ба ваҷҳи ҳасан
Сафири булбули шӯридау нафири ҳазор
Барои васл гул омад буруни зи байти ҳузн
Ҳадиси суҳбати хубону ҷом бода бигӯ
Ба қавли ҳофизу фатвои пери соҳиби фан