Ба ҷони пери хароботу ҳақи суҳбат ӯ

Ки нест дар сари ман ҷузи ҳавои хизмат ӯ

Биҳишт агар чаҳ на ҷой гуноҳкорон аст

Биор бода ки мстзҳрм ба ҳиммат ӯ

Чароғи соъиқаи он саҳоби равшани бод

Ки зад ба хирмани мо оташи муҳаббат ӯ

Бар остонаи майхонагар сиррии бинӣ

Мазан ба пой ки маълум нест ният ӯ

Биё ки дӯш ба мастии сурӯши олами ғайб

Навид дод ки омаст файзи раҳмат ӯ

Макун ба чашми ҳақорати нигоҳ дар ман маст

Ки нест маъсияту зуҳд бемашйат ӯ

намекунад дили ман майли зуҳду тавба вале

Ба ном хоҷа бакӯшему фари давлат ӯ

Мудоми хирқаи ҳофиз ба бода дар гарав аст

Магари зи хоки харобот буд фитрат ӯ