Махмури ҷоми ишқам , соқӣ бидиҳ шаробӣ
Пар кун қадаҳ ки бе май , маҷлис надорад обӣ
Васфи рух чу моҳаш , дар парда рост наояд
Мутриб бизан навое , соқӣ бидиҳ шаробӣ
Шуд ҳалқаи қомати ман , то баъд аз ин рақибат
Зин дар дигар наронад , моро ба ҳеҷ бобӣ
Дар интизори рӯят , моу умедворӣ
Дар ишваи висолат , моу хаёлу хобӣ
Махмури он ду чашмам , оё куҷост ҷомӣ ?
Бемори он ду лаълам , охир кам аз ҷавобӣ
Ҳофиз чаҳ менаҳй дил , ту дар хаёли хубон
Кӣ ташна сайр гардад , аз лмъаҳи саробӣ ?