Бигирифт кори ҳасанат чун ишқи ман камолӣ
Хуш бош зон ки набӯд ин ҳар дуро заволӣ
Дар ваҳм менагунҷад кандар тасаввури ақл
Ояд ба ҳеҷ маънии зини хубтар мисолӣ
Шуд ҳаззи умри ҳосилгар зон ки бо ту мо ро
Ҳаргиз ба умри рӯзӣ рӯзӣ шавад висолӣ
Он дам ки бо ту бошам як сол ҳаст рӯзӣ
Ваон дам ки бе ту бошам як лаҳза ҳаст солӣ
Чун ман хаёли рӯяти ҷоно ба хоби байнам
Каз хоб менабинад чашмам ба ҷузи хаёлӣ
Раҳми ор бар дили ман каз меҳр рӯй хубат
Шуд шахси нотавонами борӣк чун ҳилолӣ
Ҳофиз макун шикоятгар васли дӯсти хоҳӣ
Зини бештар бибояд бар ҳиҷрати эҳтимолӣ